Ин ниҳод гуфт, Тошевро дар деҳаи дар вилояти Чуйи он кишвар боздошт кардаанд. Мақомоти Қирғизистон ӯро бо гумони "сӯиқасд ба ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ" дар пайгард эълом карда буданд.
"И. Тошев баъди он боздошт шуд, ки марзи Қазоқистон бо Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур кард ва аз Алмато ба Қара-Балта равон буд. Вай мехост, барои муттаҳид сохтани неруҳо ва ғасби ҳокимият ситоди муваққат ташкил диҳад", - хабар медиҳад КДАМ.
Тошев аз моҳи январи соли 2024 дар пайгард қарор дошт. Тошев охири моҳи декабри соли 2023 хабар дода буд, ӯро афроде боздошт кардаанд, ки худро кормандони КДАМ муаррифӣ карда буданд. Он афрод ӯро ҳашт рӯз худсарона нигаҳ дошта, аз вай 100 млн сом талаб кардаанд. Ба нақли Тошев, ӯро таҳдид кардаанд, ки дар ғайри сурат ширкати сохтмониашро ғасб хоҳанд кард.
Ин боздошти аввалини Тошев нест. Ӯро моҳи октябри соли 2023 дар доираи парвандаи қитъаи замине боздошт карда буданд, ки вай дар ивази боғчаи кӯдакона манзили истиқоматӣ сохта буд. Тошев бо пардохти 52,4 млн сом аз боздошт раҳо шуда буд.