Ссылки доступа

Вакилони дифоъ гуфтанд, ба Муҳаммадкарим ва Тлеужанова фишор меоранд


Вакилони дифои фаъолон ва рӯзноманигорони зиндонӣ Думан Муҳаммадкарим ва Айгерим Тлеужанова аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки фишорҳо ба шахсони зери ҳимояи онҳо қатъ карда шавад.

Онҳо 22 апрел бо баргузории як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато вазъи сиҳатии Муҳаммадкарим ва Тлеужановаро, ки дар маҳбас гуруснанишинӣ эълом кардаанд, шарҳ доданд.

Ба гуфтаи Ғалим Нурпеисов, вакили дифои Муҳаммадкарим, тафтишот алайҳи зерҳимояи ӯ бо иттиҳоми “сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ ё ифротгароӣ” ва “иштирок дар фаъолияти созмони мамнӯъ” боздошта шудааст. Сабаби ин иқдом шикояти Муҳаммадкарим дар бораи шиканҷа шуданаш мебошад.

Айнара Айдарханова, вакили дифои Тлеужанова гуфт, зерҳимояи ӯ аз шароити нигаҳдорияш дар зиндон шикоят дорад. Ба гуфтаи Тлеужанова, ҳатто дар ҳоҷатхонаҳои зиндони занона дурбинҳои назоратӣ насб карда шудааст.

Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

Додгоҳи Алмато тобистони соли гузашта Тлеужановаро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022, чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужан ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG