Баталов бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" робитаи маҳрамонаи худ бо ҳамсари Бишимбоевро рад кардааст.
"Ман то лаҳзаҳои охирин намехостам, дар робита ба баррасии парвандаи Бишимбоев изҳори назар кунам, вале баъди суханҳои ахири ӯ, ки номи маро паст мезананд, маҷбур шудам, то изҳорот диҳам. Мехоҳам бигӯям, суханҳои шахсе, ки ба ҷинояти мудҳиш муттаҳам аст, дар ҳаққи ман туҳмат мебошанд. Ин иддао дуруғи маҳз аст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба он бовар накунед", - изҳор доштааст соҳибкори қазоқ.
Дар наворе, ки аз телефони ҳамроҳи Бишимбоев пайдо шудааст, вазири собиқ дар рӯзи куштор аз ҳамсараш суол мекунад, ки оё бо Раимбек Баталов робитаи маҳрамона дорад, ё не.
Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гумонбар мешавад. Нукенова дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.