Ба огаҳии вазорат, дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ феълан 6405 кас боқӣ мондааст.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир корҳои соҳилбандӣ дар вилояти Атирау идома дошта, сатҳи об ҳар соат назорат мешавад. Дар ситоди фаврии Атирау 1 май гуфтанд, ки сатҳи оби рӯдхонаи Жайик ҳам боло меравад.
Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ки гуруҳи наҷотдиҳандагони 10 минтақаи ин кишвар, бо шумули сарбозони қисмҳои низомии ин ниҳод дар вилояти Атирау қарор дошта, барои анҷоми корҳои наҷотдиҳӣ дар ин вилоят беш аз 13 ҳазор нафар ва зиёда аз 1200 техника сафарбар шудааст.