Ссылки доступа

Дар пойтахти Узбекистон оби қарздоронро қатъ мекунанд


Ҳаҷми умумии қарзи сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон аз оби нушокӣ аз марзи 200 миллиард сӯм ($15, 9 млн) поин намеравад.

Корхонаи обу корези шаҳри Тошканд хабар додааст, ки дар ҷараёни рейди кормандони ин ниҳод оби бештари қарздорон қатъ карда мешавад.

Нархи тарифи оби нушокӣ дар Тошканд бори охир моҳи декабри соли гузашта боло бурда шудааст.

Арзиши як метри мукааби об барои шахсони воқеӣ ва корхонаҳои буҷавӣ 1400 сӯм (0,11 доллар) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 3000 сӯм (0,24 доллар) муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG