Ссылки доступа

Як афсари Хадамоти гумруки Қирғизистон бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шудааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, ки капитани Хадамоти гумруки ин кишвар бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.

Ба иттилои кумита, кормандони Хадамоти гумрукуи Қирғизистон дар гузаргоҳи марзии ,"Кызыл-Кия — автодорожный" нақшаи фасодкории талаби пора аз соҳибкоронро ба роҳ мондаанд.

"Навбатдори калони гузаргоҳи "Кызыл-Кия — автодорожный" капитани Хадамоти гумрук Ж.М.А. боздошт карда шуд", - афзудааст манбаъ.

Дар иттилоияи кумита омадааст, ки тафтиши парванда ва муайян кардани мансабдорони дигар, ки дар иҷрои нақшаи фасодкорӣ даст доранд, идома дорад.

XS
SM
MD
LG