Ссылки доступа

Сарвазири Малайзия бо сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд


Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим дар доираи як сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари Анвар Иброҳим баргузории мулоқоти сатҳи олӣ дар назар аст.

"Дар вохӯриҳо масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои сиёсӣ, тиҷорӣ-иқтисодӣ, энержӣ ва фарҳангиву инсондӯстии Қирғизистону Малайзия баррасӣ мешаванд", - афзудааст хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG