Дар ин бора Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон хабар додааст. Муфаттишон Богдановро "шарик"-и раиси пешини бонк Мухтор Аблязов меноманд.
Бино ба фарзияи муфаттишон, гӯиё Богданов ҳамчун намояндаи ширкати оффшории "Metropolitan Managers Corp" (BVI) ва мутахассиси корхонаи "Маис Агро", ки барои дуздии беш аз 300 миллион тангаи бонк истифода шудаанд, кор кардааст.
Бино ба хабарҳо, гумонбар гӯиё бо хоҳиши худ ба Қазоқистон баргашта, бо муфаттишон ҳамкорӣ мекунад.
Бонки "БТА"-и Қазоқистон соли 2009 давлатӣ карда шуд. Мақомоти Қазқоистон Мухтор Аблязовро дар ғорати чандин миллиарди "БТА" айбдор мекунанд.
Мухтор Аблязов аз соли 2009 ба ин тараф дар хориҷ зиндагӣ дорад ва айбҳои эълонкардаи мақомоти Қазоқистонро рад мекунад. Вай мегӯяд, мақомоти Қазоқистон бонки ӯро ғасб кардаанд.