Хадамоти матбуотии девон мегӯяд, Байсалов аз донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ ба хотири ҳамлае, ки ба гуфтаи ӯ, "аз сӯи як гуруҳи авбошон сурат гирифтааст", узр пурсид.
Эдил Байсалов изҳор дошта, ки амалҳои ҷиноии шахсони алоҳида ба фарҳангу анъанаҳои меҳмоннавозии онҳо рабте надорад.
Сафири Покистон дар Бишкек Ҳасан Алӣ Зайғом ва президенти Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон Асилбек Айдаралиев низ ҳамроҳи Байсалов ба хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ рафтаанд.
Гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла намуданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ аз ин пеш чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест. Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.