Ссылки доступа

Вазири корҳои хориҷии Покистон барои аёдати донишҷӯёни захмӣ ба Бишкек меравад


Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор баъди анҷоми сафараш дар шаҳри Остона ба пойтахти Қирғизистон меравад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар додааст, ки Муҳаммад Исҳоқ Дор мехоҳад, ба аёдати донишҷӯёни покистоние биравад, ки дар натиҷаи бетартибиҳои 17 май дар Бишкек ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин мулоқоти кории ӯ бо намояндагони Девони вазирони Қирғизистон низ дар назар аст.

Муҳаммад Исҳоқ Дор ба хотири иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай ба пойтахти Қазоқистон рафтааст. Ӯ дар ҳошияи ин ҷаласа бо ҳамтои қирғизистониаш дидору гуфтугӯ низ кард.

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла намуданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ аз ин пеш чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест. Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG