Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони давлатӣ мукофоти чандинмиллионӣ гирифтаанд


Ду корманди бахши сайёҳӣ, равобити хориҷӣ ва саноати шаҳри Чимкенти Қазоқистон охири соли гузашта 5,6-миллионтангаӣ (ҳудуди 12,7-ҳазордолларӣ) ва се каси дигар думиллионтангаӣ (4,5-ҳазордолларӣ) мукофот гирифтаанд.

Ин мукофотро ба кормандони мазкур иҷрокунандаи вазифаҳои бахш таъйин кардааст.

Дар Департаменти давлатии аудити дохилӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, дар таъйини мукотфотҳои мазкур қонуншиканиеро пайдо накарданд.

Ерболат Оспанов, яке аз онҳое, ки мукофотпулии калонро дарёфт кардааст, ҳоло бахши сайёҳӣ, равобити хориҷӣ ва саноати шаҳри Чимкентро раҳбарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, мукофотпулии онҳо бар асоси қарори ҳукумати Қазоқистон ҷудо шудааст.

"Бахшро моҳи декабри соли гузашта Азамат Нуримбетов раҳбарӣ мекард. Дар бахш бояд 10 кас кор мекард, вале мо 6 нафар кор кардем ва аз ин рӯ, ҳаҷми мукофот калон мебошад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Нуримбетов, моҳонаи вай ҳудуди 250 ҳазор танга аст ва дар арафаи соли нав барояш 5 625 000 танга мукофот таъйин карданд.

XS
SM
MD
LG