Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон беш аз 50 фолбину ҷодугарро боздошт карданд (видео)


Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 50 фолбину ҷодугарро дастгир кардаанд.

Хабаргузории "Азия Плюс" бо истинод ба вазорат иттилоъ дода, ки боздошти фолбинону ҷодугарон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи маъмурони пулис, "дастгиршудаҳо бо мақсади ба даст овардани маблағ ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои ҳамсоягӣ тавассути роҳҳои гуногуни қаллобӣ хидмат мерасондаанд".

Манбаъ афзуда, ки нисбати бештари боздоштшудаҳо санади маъмурӣ тартиб дода шуда, алайҳи якеашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 8‑уми май тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии кишварро ворид кард, ки ҷазо барои фолбинӣ ва ҷодугариро сахттар мекунад.

Нашрияи “Садои мардум” иттилоъ дод, ки ба моддаи 201-и Кодекси ҷиноӣ банди нав илова шудааст ва он барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG