Ссылки доступа

Корхонаи мошинсозии Қирғизистону Узбекистон ба кор медарояд


Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Дониёр Амангелдиев хабар дод, ки корхонаи муштараки мошинсозии ин кишвар бо Узбекистон 28 май корро шуруъ мекунад.

Ин корхона дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуйи Қирғизистон ҷойгир буда, мошинҳои навъи "Chevrolet", "Daewoo" ва "Isuzu" истеҳсол хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон дар моҳи январи соли гузашта миёни ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ дар бораи истеҳсоли мошин ба имзо расида буд.

Лоиҳаи бунёди корхонаи муштараки мошинсозӣ дар Қирғизистн қарор аст, дар се марҳала иҷро шавад. Ин корхона дар се соли аввал бо ҷалби 500 корманд 10 ҳазор мошин истеҳсол хоҳад кард.

Дар марҳалаи дувум истеҳсоли 20 ҳазор мошин ва дар марҳалаи севум истеҳсоли 30 ҳазор дар назар аст. Теъдоди кормандони он низ бояд ба 2 ҳазор расад.

XS
SM
MD
LG