Ссылки доступа

ВКД Қирғизистон ҷузъиёти куштори як зан бо ду кудакашро эълом кард


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷузъиёти куштори як зан бо ду фарзандашро дар вилояти Таласи ин кишвар шарҳ дод.

Кормандони пулис шаби 24 май дар деҳаи "Ак-Башат"-и ноҳияи Айтматови Талас ҷасади як зани 27-соларо бо ду кудаки 2 ва 4-сола пайдо карданд. Дар робита ба ин куштор сокини маҳаллӣ К.Н. таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

Ба иттилои муфаттишон, додгоҳи Қазоқистон қаблан К.Н.-ро бо гумони сӯиқасд ба ҷони бародари хурдияш, ки бо корд ба вай ҳамла карда буд, 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Маҳкумшуда моҳи марти соли гузашта шартан аз маҳбас озод шудааст. "Ӯ баъд аз як сол бо ҳадафи қасосгирӣ ба хонаи бародараш меравад, вале ӯро пайдо намекунад ва зану кудаконашро ба қатл мерасонад", - гуфтанд дар Идораи пулиси Талас.

XS
SM
MD
LG