Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як ҳаҷвнигор 15 шабонарӯз ҳабс шудааст


Додгоҳе дар Алмато як ҳаҷвнигорро барои истифодаи "суханони қабеҳ" нисбат ба нишастагони толор 15 рӯз ҳабс кардааст.

"Муайян шуд, ки ҳаҷвнигор ҳангоми баромади худ нисбат ба нишастагони толор суханҳои қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст", - омадааст дар иттилоияи Додгоҳи олии Қазоқистон.

Расонаҳои Қазоқистон аз ҳаҷвнигори ҳабсшуда Нурсхон Баскожаев ном бурдаанд.

Ба иттилои "BES.media", Баскожаев дар яке аз консертҳои худ аз суханони қабеҳ истифода карда, дар шӯхияш ба унвони мисол номи блогери маҳаллиеро дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм гирифтааст.

Блогер норозигӣ баён карда, гуфтааст, ба додгоҳ шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG