Ин оморро муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Нурбек Абдиев 27 май дар ҷаласаи кумитаи сиёсати иҷтимоии порлумони ин кишвар эълом кард.
Ба гуфтаи Абдиев, ҳаҷми маблағи ҷаримаи хориҷиҳо барои будубоши ғайриқонунӣ дар Қирғизистон ба 102 миллиону 160 ҳазор сом расидааст.
"Дар чаҳор моҳи соли равон дар робита ба ғайриқонунӣ ворид кардани муҳоҷирони корӣ 90 парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Аз ин миён 81 парванда ба додгоҳ фиристода шудааст", - афзуд Абдиев.