Рахнагарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва паёмакрасони Телеграм гуфтаанд, ин корро дар эътироз ба бетартибиҳои шаби 17 май дар Бишкек алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ анҷом додаанд.
Рахнагарон дар посух ба суоли бахши қирғизии Радиои Озодӣ навиштаанд, ки онҳо сомонаи "gov.kg"-ро рахна карда, маълумоти марбут ба Додгоҳи олии Қирғизистонро дастрас карданд. Аммо дар додгоҳ ин иддаоро рад карданд.
Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар пайи омӯзиши маълумоти нашршуда муайян карданд, ки рахнагарон дар баробари иттилоъҳои куҳна иттилоъҳои муҳим, аз ҷумла рақами мушаххаси андозсупорандаи қирғизистониҳоро нашр кардаанд.
Ҳамчунин дар рӯйхат номи мансабдорон, сиёсатмадорон ва раҳбароне ҳам ҳаст, ки масъули амнияти киберӣ дар Қирғизистон мебошанд. Бархе аз онҳо то ҳол дар суроғаҳои қайдшуда ба сар мебаранд.