Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Туркия меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июн бо сафари расмӣ ба Туркия меравад.

"Рӯзномаи мулоқоти дуҷонибаи раҳбарони Узбекистону Туркия масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни ду кишварро дар бар мегирад", — хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Узбекистон.

Раҳбарони Узбекистон ва Туркия ҳамчунин афзоиши табодули мол, иҷрои лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, электротехника, нассоҷӣ, дорусозӣ ва кишоварзиро баррасӣ мекунанд.

Қарор аст, дар шаҳри Анқара ҷаласаи севуми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии Узбекистону Туркия ба раҳбарии раисҷумҳурони ду кишвар баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG