Ссылки доступа

Узбекистону Туркия 20 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд


Президентҳои Узбекистону Туркия – Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Эрдуғон дар поёни ҷаласаи севуми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар шаҳри Анқара эъломияи муштаракро дар бораи таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ имзо карданд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дода, ки дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Туркия миёни ду кишвар 19 санади нави ҳамкорӣ имзо шудааст.

Ҳамчунин ду кишвар дар бораи иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 10 миллиард доллари амрикоӣ ба созиш расидаанд.

Нахустин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Узбекистону Туркия низ ба раҳбарии Мирзиёев ва Эрдуғон баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG