Гулбону Назарова, узви хонаводаи ҷабрдидаҳо, рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "мурофиа ду ҳафта қабл гузашт ва Додгоҳ ҳукми пешинаро тағйир дод".
Пештар, дар моҳи феврали имсол, Додгоҳи Бохтар Солиҳовро ба гуноҳи куштори гурӯҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввал ба 12 сол зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) то ба ҳашт сол поин овард.
Додситонии вилояти Хатлон ҷазоро “номуносиб” ва Додгоҳи олии Тоҷикистон "сабук" дониста, бозбинии онро талаб карданд. Саид Салимзода, вакили мудофеи Юсуф Солиҳов, баръакс, гуфт, ҳодиса дар соли 1992 рух дода, шикоят овардан баъди сӣ сол дуруст нест ва муҳлат ҳам барои баррасии он гузаштааст.
Юсуф Солиҳов дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристода шуд.
Додситонии кулли Русия низ рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишт, куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Юсуф Солиҳов ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо даст дошт. Ду узви ҳамин хонавода аз зарби тир маъюби якумрӣ ҳастанд.
*Фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.