"Бар асоси ёддошт, танҳо муҳоҷирони калонсол аз Гурҷистон, Молдавия, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон барои ихроҷ аз ИМА фавран фиристода мешаванд", - навиштааст "New York Post" 10 июн бо истинод ба санаде, ки марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон нишон додаанд.
Ба муҳоҷирони кишварҳои дигар иҷозат дода мешавад, ки то содир шудани қарори додгоҳ дар ҳудуди ИМА бимонанд.
Марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қоидаҳои нав ҳарос надоранд ва шумори онҳо ҳанӯз ҳам хеле зиёд аст.
Ба гуфтаи марзбононе, ки бо "New York Post" суҳбат кардаанд, фармони нав "хеле дер" содир шудааст.
Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки президенти ИМА Ҷо Байден 5 июн додани паноҳгоҳ ба муҳоҷирони ғайриқонуниро манъ кардааст.