Ссылки доступа

Филм дар бораи духтари узбек барандаи ҷоизаи Канн шуд


Шон Бейкер
Шон Бейкер

Филми коргардони амрикоӣ Шон Бейкер барандаи “Нахли тилоӣ” – шоҳҷоизаи 77-умин ҷашнвораи Канн шуд.

Нақши асосиро дар филм ҳунарманди амрикоӣ Майки Мэдисон бозидааст.

Қаҳрамони асосии филм духтари узбектабор бо номи Анора аст, ки писари олигархи рус бо ӯ издивоҷ мекунад. Волидони писар ба хотири танфурӯш будани духтар дар гузашта ба ин издивоҷ зид мебароянд ва ба шаҳри Ню-Йорк мераванд, то онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд.

Шон Бейкер ҳангоми дарёфти ҷоиза гуфт, онро “ба танфурӯшони пешин, кунунӣ ва оянда мебахшад”.

XS
SM
MD
LG