Ссылки доступа

Дипломати зиндонии узбек бо ҷурми хиёнат ба давлат озод шуд


Қодирҷон Юсупов
Қодирҷон Юсупов

Корманди пешини Вазорати умури хориҷии Узбекистон Қодирҷон Юсупов, ки бо ҷурми хиёнат ба давлат 5,5 сол зиндонӣ гашта буд, 10 июн аз маҳбас озод шуд. Юсупов баъди раҳоӣ давоми як сол таҳти назорат мемонад.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, ки дар бораи раҳоии дипломати узбек хабар дод, гуфт, Юсупов аз рӯзҳои аввал қурбони беадолатиҳои додгоҳӣ шудааст.

Қодирҷон Юсупов дар сафорати Узбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин намояндаи доимии Узбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

Юсупов, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ бурдааст, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатора партояд. Вай аз ин талоши худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ гӯиё гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" зидди вай парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд ва додгоҳ ӯро 9 январи 2020 бо ҷурми хиёнат ба давлат 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Гуруҳи кории СММ дар умури боздоштҳои худсарона дар хулосаи 15-саҳифаии худ гуфтанд, ки Юсупов ноодилона зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG