Ӯ, ки дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон суҳбат мекард, гуфт, ҳукуматҳои се кишвар 6 июни имсол дар шаҳри Пекин созишномаеро дар робита ба сохтмони роҳи оҳан имзо карданд.
Ба гуфтаи Жапаров, масъалаи сармоягузории тарҳ ҳам ҳал шудааст, вале ӯ дақиқ нагуфт, ки арзиши лоиҳа чи қадар аст ва онро кӣ сармогузорӣ мекунад.
Қаблан президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони ин роҳи оҳан моҳи октябри соли ҷорӣ шуруъ мешавад.
Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 км тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад ва сохтмонаш тақрибан 4,7 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.