Дар ин бора раиси кумита Ермек Сагимбоев охирҳои моҳи гузашта дар мулоқот бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хабар дода буд.
"151 шаҳрванди хориҷӣ ба хотири робита доштан ба терроризму экстремизм ба кишвар роҳ дода нашуданд. 19 каси дигар барои ворид кардани адабиёти динии мамнуъ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст", - изҳор дошт Сагимбоев.
Хадамоти махсуси Қазоқистон 1 апрел хабар дод, ки аз як ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, як сокини шаҳри Оқтеппа бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дастгир шудааст. Ӯ қаблан суд шуда, гӯиё "дидгоҳҳои тундгароӣ доштааст". Мақомот гуфтанд, аз хонаи гумонбар "маводи тарканда ва далелҳои шайъӣ пайдо кардаанд".