Ҳамчунин дар натиҷаи санҷиши ин ниҳод дар бонкҳои тиҷорӣ ва ташкилотҳои молии Узбекистон се бонки дигар барои “пешниҳод накардани маълумоти пурра дар бораи кафолатҳои бонкӣ ба Феҳристи давлатии қарзҳо ва аз меъёр зиёд будани мавқеъҳои бози асъорӣ ҳушдор дода шудааст”.
Ба ҷуз ин, фаъолияти созмонҳои молии "Платежные Агрегационные системы" ва “Yurt pay” бо хоҳиши муассисони онҳо муваққатан боз дошта шудааст.
Бонки миллии Узбекистон фаъолияти яке аз бонкҳои тиҷории он кишварро ҳам дар самти амалиёти қарзӣ ба далели баъзе аз қонуншиканиҳо се моҳ маҳдуд кардааст.