Ссылки доступа

Парвандаи Асилбек Жамуродов пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад


Додгоҳи вилояти Алматои Қазоқистон 17 июн баррасии парвандаи соҳибкор ва фаъоли маданӣ Асилбек Жамуродовро оғоз кард.

Фаъоли мадании қазоқ ба "Ташкил ва иштирок дар фаъолияти созмони динӣ ё ҷамъиятии мамнуъ" ва "Сармоягузории фаъолияти ифротгароӣ ё террористӣ" муттаҳам мешавад.

Ҷонибдорони фаъоли маданӣ иттиҳомро сохта ва парванда алайҳи Жамуродовро "сиёсӣ" меноманд.

Додраси парванда Нурсултон Коишибоев рӯзи душанбе қарор кард, ки парвандаи Жамуродов бо дархости додситон Кенесов С. пушти дарҳои баста баррасӣ шавад. Ба гуфтаи додситон, яке аз шоҳидон аз додситонии Алмато дархост кардааст, ки "амнияти ӯ ва аъзои хонаводаашро таъмин кунанд".

Соҳибкор аз Алмато Асилбек Жамуродов барои сабти номи ҳизби "Алға, Қазоқистон!" дархост дода буд. Вай шуруъ аз соли 2022 ба фаъолон дар чанде аз минтақаҳои Қазоқистон кумаки молӣ мерасонд.

Ӯро 30 ноябри соли 2023 бо айби "Сармоягузории фаъолияти террористӣ ва ё экстремистӣ" боздошт карданд.

Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ рӯзи 17 апрели имсол Асилбек Жамуродовро ба рӯйхати зиндониёни сиёсии Қазоқистон шомил карданд. Рӯйхати маҳбусони сиёсиро дар Қазоқистон ҳанӯз дар соли 2013 тартиб дода буданд. Аз он замон то кунун ин рӯйхат борҳо такмил шудааст.

XS
SM
MD
LG