Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки вакили дифои фаъоли маданӣ дар навбати худ аз додгоҳ дархост карда, ки шахси зери ҳимояи ӯро ба далели исбот нашудани гуноҳаш озод кунад.
Ондуруш Токтоносиров тобистони соли 2023 боздошт ва ба "Барангехтани хусумати нажодӣ, қавмӣ, миллӣ ва мазҳабӣ" муттаҳам шуд. Мақомот ҳамчунин далел навиштаҳои ӯро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кардаанд.
Ӯ зидди ҳамлаи Русия ба Украина аст ва дар ҳамоишҳо ба ҷонибдорӣ аз озодии баёну эътирозҳо ба таъқибҳои сиёсӣ дар Қирғизистон иштирок мекунад.