Ссылки доступа

Муҳоҷири узбек ҳамсарашро аз ошёнаи 6-ум ба замин партофтааст


Як муҳоҷири узбекистонӣ ба сабаби рашк ҳамсари худро аз ошёнаи 6-уми биное дар Санкт-Петербурги Русия ба замин партофтааст.

Нашрияи “Комсомольская правда” иттилоъ дода, ки ҳодиса 17 июн рух додааст.

Шаҳрвнди 34-солаи Узбекистон дар заминаи рашк бо ҳамсари 27-солааш ҷанҷол карда, дар натиҷа занро аз ошёнаи 6-ум ба замин партофтааст.

Шоҳидон “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, занро ба беморхона интиқол додаанд. Вале талоши табибон барои наҷоти ҷони ӯ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Шавҳари зан боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG