Ссылки доступа

Озодии мансабдори қазоқро барои латтукӯби ҳамсараш маҳдуд карданд


Раиси пешини ноҳияи Макати вилояти Атирауи Қазоқистон Ринат Ибрагимов дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҳамсараш гунаҳкор дониста шудааст.

Хадамоти матбуотии додгоҳи вилояти Атирау хабар додааст, ки додгоҳ озодии Ибрагимовро ба муҳлати ду сол маҳдуд кардааст.

Ҳамчунин вазифадор шудааст, ки ба ҳамсари собиқаш 2 миллион танга ҷуброн пардозад. Ҳамсари пешини мансабдор 20 миллион танга ҷуброн талаб карда буд.

Банде, ки бар асоси он зидди Ибрагимов айб эълм шуда буд, то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додрас ҳангоми эъломи ҳукм доғи судӣ надоштани ӯро ба инобат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, гуноҳи мансабдори пешин дар додгоҳ бар асоси баёноти ҳамсараш ва натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ исбот карда шудааст. Худи Риннат Ибрагимов қаблан дар суҳбат бо расонаҳо иттиҳоми эъломшуда алайҳашро рад карда, гуфта буд, ки ба ҳамсараш қасдан зарари ҷисмонӣ нарасондааст.

Ринат Ибрагимови 38-сола аз моҳи марти соли 2022 раиси ноҳияи Макат буд. Ҳукумати вилояти Атирау дар пайи шикояти ҳамсари Ибрагимов, ки гуфта, пайваста аз сӯи шавҳараш латтукӯб мешавад, зидди мансабдор тафтишоти хидматиро оғоз кард. Дар натиҷа Ибрагимов 24 май бо хоҳиши худ аз мақомаш канор рафт.

XS
SM
MD
LG