Ссылки доступа

Дар як корхонаи Қазоқистон 5 кас сӯхтааст


Панҷ корманди Корхонаи хӯлаи оҳани шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон сӯхтааст.

Ҳодиса нимаи дувуми рӯзи 19 июн сар зада, ба гуфтаи табибон, аз 5 то 13 дарсади бадани осебдидаҳо сӯхтааст. Чаҳор касро дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Ба иттилои корхона, бадани кормандон ҳангоми бор кардани хокистар сӯхтааст. Манбаъ гуфта, ки ниҳодҳои дахлдор сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Оқтеппа мегӯяд, дар ҳудуди корхона сӯхтор нашудааст. Хадамоти матбуотии корхона низ ин хабарро тасдиқ мекунад.

Ин корхона солона беш аз 700 тонна хулаи оҳан истеҳсол мекунад.

XS
SM
MD
LG