Ба гуфтаи Ҷабборов, "дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ҷамъан 205 кас кушта шудааст ва наздикони ҳамаи онҳо ҷамъ шуда, ширкатеро ташкил кардаанд".
"Аз як тараф ба онҳо раҳмам омад ва аз тарафи дигар фикр кардам, агар имкони кумак ба 200 хонавода бошад, кори хуб мешавад. Аз ин рӯ, барои онҳо беш аз як ҳектар замин ҷудо кардам. Заминро на барои як кас, балки барои ширкат ҷудо кардем", - изҳор дошт ӯ.
Қаблан дабири кулли Анҷумани созмонҳои Инқилоби мардумии апрел Темирлан Султонбеков дар як муроҷиатномааш ба унвони президент ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки ба як "ҷамъияти тозатаъсис" 1,58 гектар замин ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шудааст.
Рӯзи 7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон дувумин инқилоби мардумӣ аз замони касби истиқлоли он кишвар рух дод, ки боиси барканории ҳукумат шуд. Инқилоби аввал дар он кишвар 24 марти соли 2005 сар зада буд.
Дар соли 2010 дар назди "Кохи сафед"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 86 одам аз силоҳи оташфишон кушта ва зиёда аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷаи инқилоб президенти вақти он кишвар Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо пайвандонаш тарки Қирғизистон кард.