Дар ин бора Раёсати таҳсилоти томактабии Ҷизах хабар додааст.
Видеои латтукӯби кудак аз сӯи корманди боғча 20 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Санҷиш муайян кард, ки ҳодиса дар боғчаи рақами 16-и Ҷизах рух додааст.
Дар раёсат гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса як гурӯҳи корӣ ташкил ва дар ҷараёни тафтиш муайян шудааст, зане, ки дар навор кудакро латтукӯб мекунад, мураббии боғча аст.
Қарордоди корӣ бо ин зан бекор шуда, тафтишоти хидматӣ идома дорад.