"Euronews" иттилоъ дода, ки сайёҳи қазоқистонӣ ҳангоми навиштани "ALI" (АЛӢ) дар девори қадимии "Дом Цеев" дар боғи бостоншиносии Помпей аз сӯи маъмурони амниятӣ дастгир гаштааст.
"Як шаҳрванди мо барои ғайриқонунӣ навиштан дар бинои таърихӣ дастгир шудааст. Ӯро баъди анҷоми расмиёт дар пулис озод карданд", - хабар додааст вазорат.
Дар маъмурияти Боғи бостоншиносии Помпей гуфтанд, ки шаҳрванди Қазоқистон бояд харҷи барқарор сохтани деворро пардозад.