Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоии Узбекистон хабар додааст, ки А. К.-и 31-сола “бо далелҳои раднопазир” дастгир гаштааст. Зидди гумонбар бо банди “Зуран ва дар шакли ғайритабиӣ қонеъ кардани хоҳиши шаҳвонӣ бо ноболиғ” парванда боз кардаанд.
Дар хабар гуфта нашудааст, ки ҳодиса кай ва дар кадом минтақаи шаҳр рух додааст.
Ба иттилои оҷонс, марди гумонбар зан ва 5 фарзанд дорад. Духтарчае, ки ӯ пайваста ба номусаш дастдарозӣ мекардааст, аз зани дувумаш будааст.