Зидди зан бо банди "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Наздикони боздоштшуда мегӯянд, пулис кудаки якунимсолаи занро ба ятимхона додааст.
Дар Идораи пулиси Маскав гуфтанд, кудакро падараш метавонад бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд ва ақди никоҳ бигирад. Аммо падари кудак имсол аз Русия ихроҷ шуда, ҳаққи вуруд ба он кишварро надорад.
Вакили дифои боздоштшуда Эрлан Токтосунов гуфт, шахси зери ҳимояи ӯ аллакай ду ҳафта мешавад дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ шуда, ба вай то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
"Ин зан бо соҳибхона қарордод бастааст. Худи ӯ низ дар ин хона ҳамчун муҳоҷир сабтином шудааст. Вай ба далели он ки наметавонад 65 ҳазор рубли пули иҷораро танҳо супорад, бо ҳамватанонаш зиндагӣ мекунад. Пулис занро ба он айбдор мекунад, ки гӯиё шаҳрвандони хориҷиро даъват карда, дар Русия муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил кардааст", - изҳор дошт вакили дифоъ.