Ссылки доступа

Кумаки башардӯстонаи Узбекистон ба сокинони селзадаи Қирғизистон


Узбекистон 3 июл ба сокинони селзадаи ноҳияи Ноокати Қирғизистон 95 тонна кумаки башардӯстона фиристодааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, кумак иборат аз 24 тонна орд, 12 тонна биринҷ, 10 тонна шакар ва маҳсулоти ғизоии дигар иборат аст.

Раиси ноҳияи Ноокат Жакипбек Субакожоев гуфтааст, ин кумакҳоро ба сокинони зарардида тақсим мекунанд.

Сел дар ноҳияҳои Ноокат ва Қаракули Ӯш ҷони беш аз 14 касро рабудааст. Дар Ноокат 28 июн як зани 48-сола ҳамроҳи се писари 19, 16 ва 11-сола ва набераи дусолааш ҷон бохтааст. Ҳамчунин як духтари 15-сола в 2 кудаки дигар, ки аз Қазоқистон ба хонаи хешонашон ба Қирғизистон рафта буданд, ҷон додаанд.

Дар Қаракул 30 июн дар пайи омадани сел 4 узви як хонавода, падари 36-сола ва модари 34-сола ҳамроҳи ду фарзанди 4 - 12-солаашон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин 125 бинои зист зери об монда, 11 бинои дигар пурра вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG