Вакили дифои боздоштшуда Эрлан Токтосунов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, кудаки якунимсолаи зерҳимояи ӯ бо мусоидати сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Қирғизистон ба холааш супурда шудааст.
Қаблан наздикони боздоштшуда гуфта буданд, ки пулис кудаки якунимсолаи занро ба ятимхона додааст.
Пулиси Маскав ахиран як шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар хонаи иҷорааш чанд ҳамватани дигари ӯ низ мезистанд, дастгир кард.
Вакили дифои боздоштшуда Эрлан Токтосунов гуфт, "ин зан бо соҳибхона қарордод бастааст. Худи ӯ низ дар ин хона ҳамчун муҳоҷир сабтином шудааст. Вай ба далели он ки наметавонад 65 ҳазор рубли пули иҷораро танҳо супорад, бо ҳамватанонаш зиндагӣ мекунад. Пулис занро ба он айбдор мекунад, ки гӯиё шаҳрвандони хориҷиро даъват карда, дар Русия муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил кардааст", - изҳор дошт вакили дифоъ.
Ба шаҳрванди Қирғизистон то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.