Дар ин бора “Politico” бо истинод ба манбаъҳои наздик ба Трамп иттилоъ додааст. Расона ҷузъиёти шеваи баргузории гуфтугӯҳо ва дар кадом сатҳ қарор доштани онҳоро шарҳ надодааст.
Ба гуфтаи манбаи “Politico”, Трамп мехоҳад бо Путин дар робита ба шомилшавии Украина ва Гурҷистон дар НАТО ба созиш бирасад.
Дар Кремл ҷараён доштани гуфтугӯҳо миёни Путин ва Трампро рад карданд. “Ин тавр нест”, - гуфтааст сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Раҳбари дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак дар ҷараёни сафараш ба Амрико нақшаҳои Трампро шарҳ дода, гуфт, Киев барои созиш бо Маскав ва додани як қисми қаламрави худ ба Русия омода нест.