Тарҳи "НеМолчи.Уз" иттилоъ дода, ки ҳодиса шаби 6 июл, тақрибан соатҳои 02:00 дар назди маркази телевизионии "Останкино" рух додааст. Духтар он шаб аз маҳалли кораш берун шуда, мехостааст, ки ба хона равад.
Гумонбари якум, шаҳрванди 24-солаи Узбекистон ҳамагӣ 40 дақиқа баъд аз рух додани ҳодиса дастгир шудааст. Ӯ барои кор ба Русия рафта будааст.
Пулис дертар ду гумонбари дигар, муҳоҷирони 22 ва 25-солаи узбекистониро дар наздикии истгоҳи "ВДНХ" дастгир кардааст.
Зидди боздоштшудаҳо бо гумони "Таҷовузи гуруҳӣ" парванда боз шуда, ба онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.