"Қазоқистон бори дигар пойбанд будани худро ба Созишномаи ОПЕК+ тасдиқ ва аз тасмимҳои муштарак бо кишварҳои узви ОПЕК+ пуштибонӣ мекунад. Бар асоси қарори ҷаласаи 37-уми вазирони ОПЕК+, Қазоқистон нақшаи муфассали ҷуброн карданро омода кардааст. Тибқи нақша, ҳаҷми барзиёд истихроҷ шудани нафт то моҳи сентябри соли 2025 ҷуброн карда мешавад", - омадааст дар изҳороти Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Ин изҳорот дар посух ба иддаои баъзе аз расонаҳо нашр шуд, ки гуфтанд, мақомоти Қазоқистон созишномаи "ОПЕК+"-ро риоя намекунанд.
Нашрияи "Business Insider" хабар дод, ки дар Русия, Ироқ ва Қазоқистон ҳанӯз ҳам нафт аз меъёр зиёд истихроҷ мешавад. Расонаи "Bloomberg" Қазоқистонро дар риоя накардани муқаррароти "ОПЕК+" айбдор кард. Ба иттилои расона, Қазоқистон истихроҷи нафтро кам накардааст.