Ссылки доступа

Камчин шудани гази моеъ дар Қирғизистонро шарҳ доданд


Президенти Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон Канат Эшатов гуфт, гази моеъ дар кишвараш камчин нашудааст ва камбуди маводи сӯхти мазкур танҳо дар нуқтаҳои хурди фурӯши сӯзишворӣ мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, нуқтаҳои хурди фурӯши сӯзишворӣ мошинҳои боркаш надоранд, ки ба монанди ширкатҳои бузург муштариёнашонро сари вақт бо газ таъмин кунанд.

"Дар бештари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ ҳаст", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Қаблан бархе аз ронандагон дар шаҳри Бишкек ва сокинони баъзе аз минтақаҳои Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз камчин ё набудани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG