"Ҷамъан 47 хона ва як иншооти иҷтимоӣ зери об мондааст", - иттилоъ додааст Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр.
Ҳамчунин дар пайи ин боришот ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи "Жанатас — Саудакент" қатъ шуда буд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр субҳи имрӯз хабар доданд, ки роҳ дубора боз шудааст.
Дар ҳоли ҳозир сатҳи об ҳам поин рафтааст.
Ҳукумати вилояти Ҷамбил гуфт, бартарафсозии оқибатҳои обхезӣ аз шоми дирӯз шуруъ шудааст. Барои таъйини ҳаҷми хисорот ҳам комиссия ташкил гаштааст.