Видеои ҳодиса ҳафтаи гузашта дар Интернет нашр шуд. Дар видео дида мешавад, як наврас дар болои пули Оқтепа ба ду кудак наздик шуда, қаламфур мепошад ва мегӯяд, "мо намехоҳем касеро маҳкум кунем, як-чаҳор-ҳашт-ҳашт".
Як қатор расонаҳои русӣ навиштанд, ки ин рақамҳо ба шиори неонатсистҳо монанд аст.
Қаблан гуфта мешуд, ки ҳодиса дар шаҳри Саратови Русия рух додааст, вале дертар маълум шуд, ки ба кудакон дар Оқтеппа қаламфур пошидаанд.
Пулиси Оқтеппа мегӯяд, ҳодисаро бо банди "Авбошӣ" тафтиш мекунад. Наврас ҳангоми кушиши бурунрафтан аз Қазоқистон дастгир ва ҳабс шудааст.