Ссылки доступа

Мирзиёев созишномаи бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро имзо кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 8 июл лоиҳаи қонуни тасвиби созишнома дар бораи бунёди роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро имзо кардааст.

Ин созишнома миёни ҳукуматҳои се кишвар - Чин, Қирғизистон ва Узбекистон 6 июни соли равон дар шаҳри Пекин имзо шуда буд.

Вазорати адлияи Узбекистон иттилоъ дода, ки Вазорати нақлиёти ин кишвар масъули иҷрои созишнома мебошад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам 26 июн созишномаи мазкурро тасвиб карда буд.

Дар созишнома масири роҳи оҳани нав, "Кошғар-Торугарт- Макмал-Ҷалолобод-Андиҷон" зикр шудааст.

Лоиҳа тақрибан 4,7 миллиард доллар харҷ дорад. Мудири ширкати "Кыргыз темир жолу" Азамат Сакиев 18 июни соли равон гуфта буд, ки ними харҷи лоиҳа - 2 миллиарду 350 миллион долларро Ширкати муштараки лоиҳавӣ, ки ба он Қирғизистон, Узбекистон ва Чин дохиланд, ҳамчун қарз дарёфт хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG