Ссылки доступа

Пулиси Бишкек марги Ойтурган Маматкуловаи 25-соларо таҳқиқ мекунад


Пулиси ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар дод, ки таҳқиқи сабабҳои марги Ойтурган Маматкуловаи 25-соларо оғоз кардааст.

Наздикони Маматкулова мегӯянд, ӯ дар натиҷаи латтукӯб ва шиканҷа шудан аз сӯи шавҳараш ҷон бохтааст. Ба гуфтаи онҳо, вақте ҷасади духтарашонро аз сардхона оварданд, дар он осори латтукӯб дида мешуд.

Пайвандони духтар ба суханҳои шавҳари Маматкулова, ки мегӯяд, ҳамсараш худкушӣ кардааст, бовар надоранд.

Ташхиси пешакӣ фарзияи худкушии Ойтурган Маматкуловаро тасдиқ кардааст. Вале парванда дар пайи шикояти волидони духтар барои таҳқиқи дубора аз шуъбаи пулиси ноҳияи Ленин ба шуъбаи пулиси ноҳияи Октябр фиристода шудааст.

Ойтурган Маматкулова моҳи июли соли гуззашта ба шавҳар баромадааст. Ба гуфтаи пайвандон, ӯ пайваста шикоят мекардааст, ки аз сӯи шавҳараш латтукӯб ва шиканҷа мешавад.

XS
SM
MD
LG