Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҷасади зани бедаракшударо пайдо карданд


Кормандони наҷоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҷасади занеро, ки 14 июл дар натиҷаи омадани сел ҳамроҳи се духтараш бедарак шуда буд, пайдо кардаанд.

Ба иттилои вазорат, ҷасади зан 15 июл дар рӯдхонаи "Ак-Буура"-и вилояти Ӯш, дар наздикии марзи Узбекистон пайдо шудааст.

Ин двумин ҷасад аст, ки кормандони наҷоти Қирғизистон пайдо мекунанд. Қаблан ҷасади як духтари 6-сола дар рӯдхонае дар ҳудуди шаҳри Андиҷони Узбекистон пайдо шуда буд.

Рӯзи 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор кас, як модар ва се духтараш бедарак шуда буданд.

"Сел ба 15 мошин осеб расонда, ҷамъан 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG