Бахши русиягии Радиои Озодӣ бо истинод ба аксҳои моҳвораии "Google" иттилоъ дода, ки низоми дифои ҳавоӣ дар манорае ҷойгир карда шудааст. Қаблан чунин низомҳо дар вилояти Маскав ҳам мушоҳида шуда буданд.
Рӯзноманигорон баъди омӯхтани аксҳои моҳвораии "Planet.com" аз моҳи гузашта ба хулосае омаданд, ки низоми дифои ҳавоӣ моҳи марти имсол насб шудааст.
"Astra" бо истинод ба хонандагон навишта, ки дар 3-километрии қароргоҳ ду таҷҳизоти монанд ба низоми дифои ҳавоӣ ҷойгир кардаанд.
"Агентство" моҳи январи имсол хабар дод, ки дар деҳаи Яшеровои вилояти Новгород, дар 6-километрии қароргоҳи Путин низоми "Панцирь-С1" шудааст. Расона дар ин бора бо истинод ба аксҳои фиристодаи сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла бошандагони Яшерово хабар дод.