Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, 8 зан ва 14 кудакро, ки дар урдугоҳе дар шимолу шарқи Сурия қарор доштанд, ба ватан оварданд.
Барномаи башардӯстонаи "Айкол-6" бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Амрико ташкил ва иҷро шудааст.
Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтаанд, ки 140 касашон занонанд.