Лоиҳаи қарор, ки то 7 август дар баррасии ом қарор хоҳад дошт, боз доштани имкони истифодаи пеш аз муҳлати пасандозҳои нафақавиро аз 10 августи имсол то 1 феврали соли оянда пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, "Отбасы банк", бонки пардохткунандаи якдафъаинаи нафақаҳо "ҳолатҳои ғайримақсаднок гирифтани пасандозҳои нафақавиро ошкор кардааст".
Дар рафти санҷиши хидматӣ маълум шудааст, ки шаҳрвандон барои бозпас гирифтани пасандозҳои нафақавии худ санадҳои қалбакиро пешниҳод кардаанд.
Шаҳрвандони Қазоқистон 10 дарсади даромади худро ба таври ҳатмӣ ба ҳисоби Бунёди нафақа мегузаронанд. Мақомоти ин кишвар соли 2021 ба сокинон иҷозат доданд, ки ба хотири хариди хона ё табобат пасандозҳои нафақавии худро бозпас гиранд.